Сентябр 14, 2022 16:24 Asia/Dushanbe

Доктор Раисӣ дар садри ҳайати баландпоя аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии Эрон вориди фурудгоҳи Самарқанд шуд ва мавриди истиқболи нахуствазири ин кишвар қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Иброҳими Раисӣ, ки бо даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Узбакистон ба ин кишвар сафар карда аст дар садри ҳайати баландпоя аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии Эрон бо истиқболи Абуддло Орифов, нахуствазири Узбакисон, Иброҳим Абдураҳмонов, вазири навовари, Фозилов, муъовини вазири умури хориҷа, раиси вилояти Самарқанд, сафир ва ҷамъи аз аъзои сафорати Ҷумуҳрии Исломии Эрон дар Тошканд вориди фурудгоҳи шаҳри таърихии Самарқанд шуд.

Сафари раиси ҷумҳур ба Узбакистон пас аз вақфаи 20 сола аз охирин сафари яке аз раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин кишвар сурат мегирад.

Қарор аст дар ин сфар 17 санади ҳамкори байни мақомоти Эрон ва Узбакисон ба имзо бирасад то ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар афзоиш ёбад.