Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон: Иддаоҳои ҳуқуқи башарии Амрико, дурӯғи бузург аст
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон, иддаои Амрико дар хусӯси истиснои башардӯстонаи ҳавзаҳои ғизо ва дору аз шумӯли таҳримҳоро дурӯғе бузург хонд, ки бо воқеъиёти мавҷӯд ҳамхонӣ надорад.
Козими Ғарибободӣ дар дидор бо сафирону намояндагони Ҷумбиши ғайри мутааҳҳидҳо дар ҳошияи 51-умин иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бо ёдоварии осори манфӣ ҷв мухарриби таҳримҳо бар ҳуқуқи башари мардуми Эрон, гуфт: Таҳримҳои якҷониба ва ҳамчунин табаъияти беш аз ҳад аз онҳо, мӯҷиботи нақзи тамомии ҳақҳои башарии мардуми Эронро фароҳам кардааст.
Ғарибободӣ дар бораи осори таҳримҳо бар ҳаққи саломатии мардуми Эрон афзуд, Эрон аз кишварҳое аст, ки дар заминаи саломатии мардуми худ сармоягузории хубе кардааст ва имрӯза бисёре аз доруҳо ва таҷҳизоти пизишкиро тавлид мекунад, бо ин вуҷӯд, дар бархе мавориди ниёзманди воридоти маводи аввалияи дору ва ҳамчунин бархе доруҳои нодир барои беморони хос аз кишварҳои дигар аст ва худдории ширкатҳо аз фурӯши онҳо, ҳаққи ҳаёту саломати ин даста аз эрониёни ниёзмандро ба таври ҷиддӣ ба мухотира андохтааст.
Вай бо ташреҳи осори таҳримҳо бар шабакаи бонкии Эрон ва фурӯши нафт тасреҳ кард, таҳримҳо, ба таври мустақим, манбаи аслии даромад кишвару ҳаққи тавсеа ва рифоҳи мардумро ҳадаф қарор додаанд.