Июл 27, 2016 19:53 Asia/Dushanbe
  • Вуруди вазири умури хориҷаи Эрон ба Гвинеяи Конакри

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон вориди пойтахти кишвари африқоии Гвинеяи Конакри ва бо нахуствазири ин кишвар дидор кард.

Ба иттилои Ирно, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки дар идомаи севвумин сафари давраии худ ба Африқо, аз Гана вориди Гвинеяи Конакри шуд, рӯзи чаҳоршанбе бо Мамади Юла, нахуствазири Гвинеяи Конакри дидор ва дар бораи густариши муносибот ва равобити дуҷонибаи байни ду кишвар гуфтугӯ кард.

Зариф ҳамчунин бо хонуми Макала Тамара, ҳамтои худ низ мулоқот кард ва қарор аст, бо раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси Гвинеяи Конакри низ дидор кунад.

Ҷумҳурии Гвинеяи Конакри кишваре дар шимоли ғарби Африқо дар савоҳили уқёнуси Атлас аст, ки 10 миллион нафар ҷамъият дорад ва забони расмии он фаронсавӣ аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф қарор аст, пас аз Гвинеяи Конакри озими кишвари Молӣ шавад.

Сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба ғарби Африқо рӯзи якшанбе бо вуруди ӯ ба Нигерия оғоз шуд ва Зариф дар ин сафар бо раисҷумҳур, раиси маҷлис ва вазири умури хориҷаи Нигерия дидор кард.

Гана мақсади баъдии Зариф буд ва вазири умури хориҷаи Эрон дар Гана низ бо раисҷумҳур, раиси маҷлис ва вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Зариф ҳамчунин дар Гана бо ҳузур бар мазори Кваме Нкрума, раҳбари истиқлоли ин кишвар, ба мақоми ӯ адои эҳтиром кард ва ниҳоле дар муҳавватаи оромгоҳи вай кошт.

Як ҳайъати олирутбаи иқтисодӣ ва сиёсӣ, Зарифро дар сафар ба ғарби Африқо ҳамроҳӣ мекунад .