Имзои ёддошти тааҳҳудоти узвияти доими Эрон дар СҲШ
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Узбекистон, ёддошти тааҳҳудоти узвияти доими Эрон дар ин созмонро имзо кард.
Созмони Ҳамкории Шанхай, созмоне байни давлатие аст, ки барои ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шудааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар ин созмон буда ва қарор аст, узвияти доими Эрон ба имзои сарони ин созмон дар нишасти Самарқанд бирасад.
Амирабдуллоҳиён пас аз имзои ин ёддошт, тайи изҳороте бо ишора ба инки тасвиби асноди марбӯт ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом шуда ва ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ирсол гардида афзуд, " умедворем, ки ҳарчӣ сареътар шоҳиди узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бошем."
Дабири кулли СҲШ низ пас аз имзои ин ёддошт бо таъкид бар инки имрӯз барои Эрон ва ин созмон, рӯзи таъйинкунандае аст, хотирнишон кард, аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай нигоҳи бисёр мусбате ба Эрон доранд ва тасдиқ мекунанд, ки пас аз вуруди Эрон, шоҳиди ҷойгоҳи вижа ва олии созмон хоҳем буд.