Дидори дабири кулли СҲШ бо раисиҷумҳури Эрон дар Самарқанд
Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз панҷшанбе дар шаҳри Самарқанди Узбекистон бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба даъвати расмии Шавкати Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ барои дидори расмии дуҷониба ва низ ширкат дар 22-умин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, ба Узбекистон сафар кардааст. Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни 2001 дар Шанхай аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд ва Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳашт кишвари ин созмони иқтисодии минтақаии Шанхай ҳастанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шанхай буда ва қарор аст, узвияти доими Эрон ба имзои сарони ин созмон дар нишасти Самарқанд бирасад. Муғулистон, Афғонистон ва Беларус узви нозир Шанхай ҳастанд.