Дидори Раисӣ бо раиси ҷумҳурии Беларус
-
Раисӣ ва Лукашенко
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай бо раиси ҷумҳурии Беларус дидору гуфтугӯ кард.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ки ба даъвати расмии ҳамтои азбкстонии худ ба Самарқанд сафар кардааст, сафари серӯзаи худ ба Узбакистонро аз рӯзи чаҳоршанбе оғоз кард ва дар рӯзи нахусти нишастҳои дуҷонибаи Теҳрон ва Тошканд 17 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шуд.
Асноди узвияти Эрон дар Созмони Шанхай низ дар рӯзи нахуст ба имзои Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа Эрон расид.
Дар рӯзи дувуми ин сафар низ Раисӣ бо раисони ҷумҳури Русия, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин ва дабири кулли СҲШ дидору гуфтугӯ кард ва тавсеаи равобити ҳамсоягӣ ва минтақаиро сиёсати усулии Ҷумҳурии исломии Эрон баршумурд.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи бистудуюмин иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ, ки ба мизбонии кишвари Узбакистон дар шаҳри Самарқанд дар ҳоли баргузорӣ аст, бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус дидор ва дар хусуси мавзуоти мавриди алоқа гуфтугӯ кард.