Фаро расидани Арбаини ҳусайнӣ таслият бод
(last modified Fri, 16 Sep 2022 16:34:43 GMT )
Сентябр 16, 2022 21:34 Asia/Dushanbe
  • Арбаини ҳусайнӣ дар Эрон
    Арбаини ҳусайнӣ дар Эрон

Рӯзи шанбе, 20 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 17 сентябри 2022, Арбаин ё чиҳилумин рӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), набераи паёмбари гиромии Ислом ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.

Шумори зиёде аз мусулмонону пайравони адёни илоҳии дигар дар солҳои гузашта, аз чанд рӯз монда ба Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) бо пиёдаравӣ аз шаҳри Наҷаф ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Ироқ, худро ба марқади мутаҳҳари эшон дар Карбалои муалло мерасонданд.

Бар асоси омори расмии манобеи ироқӣ, беш аз 20 миллион зоир аз 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла беш аз се миллион эронӣ имсол дар пиёдаравии Арбаини ҳусайнӣ, ки бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабиву маънавӣ дар ҷаҳон аст, ширкат кардаанд.

Бисёре аз мардуми Эрон, ки аз тавфиқи пиёдаравии Арбаини ҳусайнӣ ҷо мондаанд, рӯзи шанбеи 17 сентябр, ҳамзамон бо Арбаини шаҳодати ҳазрати Абоабдиллоҳилҳусайн алайҳиссалом ва ёрони бовафои эшон дар саросари Эрон зиёрати Арбаинро қироат мекунанд.

Ин маросим ба сурати зинда аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Эрон пахш хоҳад шуд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Арбаини ҳусайнӣ (а) -ро ба дӯстдорони аҳли байти паёмбари акрам (с) ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.