Сафари Раисӣ ба Ню-Йорк
(last modified 2022-09-18T11:23:58+00:00 )
Сентябр 18, 2022 16:23 Asia/Dushanbe
  • Сафари Раисӣ ба Ню-Йорк
    Сафари Раисӣ ба Ню-Йорк

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар ҳафтодуҳафтумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид субҳи рӯзи душанбе эъзоми Ню-Йорк мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи душанбе ба манзури ширкат ва суханрони дар ҳафтодуҳафтумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ва дар ростои таъмини манофеъи миллати Эрон ва талош барои таҳаққуқи назми одилонаи байналмиллалӣ аз тариқи чандҷонибагароӣ иқтисодӣ ба Ню-Йорк сафар мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафар илова бар суханронӣ дар маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо таъдоди аз сарони кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст низ дидору гуфтугӯ хоҳад  кард ва дидорҳои ҷониби дигаре низ хоҳад дошт.