Фармондеҳон ва размандагони Дифои муқаддас бо раҳбари муаззами инқилоб дидор мекунанд
(last modified Sun, 18 Sep 2022 11:35:43 GMT )
Сентябр 18, 2022 16:35 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳон ва размандагони Дифои муқаддас бо раҳбари муаззами инқилоб дидор мекунанд

Раиси Бунёди ҳифзи осору нашри арзишҳои Дифои муқаддас аз дидори фармондеҳон, размандагон ва исоргарони фаъоли муқаддас бо раҳбари инқилоб ва хонаводаи шуҳадо хабар дод.

Сардор Баҳмани Коргар, раиси Бунёди ҳифзи осор ва нашри арзишҳои Дифои муқаддас дар нишасти хабарӣ эъломи барномаҳои гиромидошти 40-умин солгарди Ҳафтаи дифои муқаддас, ки дар боғи мӯзейи дифои муқаддаси Теҳрон баргузор шуд, гуфт, барномаҳои имсол Ҳафтаи дифои муқаддас бо шиори «мо муқовим ҳастем» баргузор мешавад.

Раиси Бунёди ҳифзи осор ва нашри арзишҳои дифои муқаддас бо баёни инки имсол низ тавфиқ дорем то ба муносибати Ҳафтаи дифои муқаддас дар маҳзари раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бошем, изҳор дошт: Ин маросим рӯзи 30 шаҳривар (21 сентябр) дар ҳусайнияи ҳазрати имоми Хумайнӣ (раҳ.) баргузор мешавад, ки теъдоде аз фармондеҳону размандагони дифои муқаддас, хонаводаи муаззами шуҳадо, ҷонбозон, исоргарон, ҳунармандон, маддоҳон ва теъдоде аз ақвом дар ин маросим ҳузур доранд.