Генерал Мусавӣ: Пойдори аз истиқлол ва тамомияти арзи маъмурияти аслии артиш аст
Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон посдори аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварро маъмурияти артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон баршуморид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Сайид Абдураҳими Мусавӣ дар ойини ихтитомияи бистумин давраи разми муқадимотии донишҷуёни донишгоҳҳои афсарии артиш дар маркази омӯзишии шуҳадо сарбози 1 нерӯи замини ин нерӯ бо баёни ин ки посдори аз истиқлол ва тамомияти арзии кишвар маъмурияти аслии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аст хитоб ба донишҷуёни донишгоҳи афсари гуфт: Шумо афсарон ва фармондеҳони ояндаи чунин артише ҳастед ва омодаед ин маъмурияти бисёр муҳим ва ҳаётиро ба беҳтарин шакли мумкин ба анҷом бирасоенд.
Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Таърих гувоҳ аст, ки пешиниён бо тамоми тавон ва бо тавакал бар Худо бори сангини масъулияти хатири посдори аз истиқлол ва тамомияти арзиро бар уҳда гирифтанд ва дар 8 соли дифоъи муқаддас аз он сарбаланд берун омаданд.
Генерал Мусавӣ таъкид кард имрӯз низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба баракати хуни шуҳадо ва исоргарони даврони дифоъи муқаддас ҳар рӯз боландатар ва қавитар муқтадиртар аз пеш меравад ва парчами истиқлоли ин кишварро дар ҷаҳон ба эҳтизор дароварда аст ва токунун иҷозаи кучактарин иқдомро зидди истқлоли кишвар ба душман надода аст.
Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, артиш дар тамоми соатҳо шабонарӯз ва ҳатто дар ҳамин лаҳза дар ҳаво ва замин ва дарёҳои Эрони азиз то умқи обҳои озод аз марзҳои аминӣ, шарқу ғарб ва ҷанубу шимоли кишвар то мадори 20 дараҷа дар обҳои озод машғули посдори аз ин кишвар аст.