Раисӣ барои ширкат дар Маҷмаи умуми Созмони Миллал вориди Ню Йорк шуд
(last modified Tue, 20 Sep 2022 04:52:08 GMT )
Сентябр 20, 2022 09:52 Asia/Dushanbe
  • Мулоқот бо сарони бархе кишварҳо аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар ин сафар пешбинӣ шудааст
    Мулоқот бо сарони бархе кишварҳо аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар ин сафар пешбинӣ шудааст

Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои ширкат дар нишасти сарони ҳафтодуҳафтумин Маҷмаи умуми Созмони Миллалӣ муттаҳид зуҳри душанбе ба вақти маҳалӣ дар садри ҳайати баландпоя вориди фурӯдгоҳи JFK Ню Йорк шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ки бо ҳадафи таъмини манофеъи миллати Эрон ва талош барои таҳақуқи "назми одилонаи байналмиллалӣ аз тариқи чанд ҷонибагароии иқтисодӣ" вориди Ню Йорк шуда, дар ин сафар иловабар суханронӣ дар ҳафтодуҳафтумин ниҳшасти маҷмаии умумии Созмони Миллали Муттаҳид, бо теъдоде аз сарони кишварҳои ширкат кунанда дар ин нишаст низ дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Мулоқот бо сарони бархе кишварҳо аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар ин сафар пешбинӣ шудааст.

Маҷмаи умуми Созмони Миллали Муттаҳид дар сатҳи олии сарони кишварҳо аз имрӯз сешанбе (20 сентиябр) то душанбеи 26-уми сентябр ба ҳамроҳи дипламадҳои аршад аз кишварҳои мухталиф ба кори худ идома хоҳанд дод ва дар ҳошияи он даҳҳо нишасти дуҷониба ва чанҷониба баргузор хоҳад шуд.

Дипламатҳои ширкат кунанда қарор аст дастури кор, барномаи ҷаласот ва кумитаҳои кориро ташкил диҳанд.

Мавзуъоти байналмиллалӣ аз ҷумла тағироти обу ҳаво, мубориза бо вируси Короно ва соири бемориҳои ҳамагир, масоили тавсиаи пойдор. қарзҳои кишварҳои дар ҳоли тавсиа, даргириҳои ҷорӣ ва бӯрҳонҳо аз муҳимтарин масоъили қобили баҳс ва баррасӣ дар ин давра аз нишасти маҷмаи умумии Созмони Миллал аст.