Тағйири марзҳои минтақаро таҳаммул намекунем ва дар баробари он сокит нахоҳем нишаст
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, тағйирот дар марзҳои минтақаро таҳаммул нахоҳем кард ва ба ду кишвари ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон тавсия дорем, ки мушкилоти худро аз роҳҳои мусолиматомез ва гуфтугӯ ҳал кунанд.
Генерал Муҳаммади Боқирӣ дар маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳ ҳамзамон бо 31 шаҳривар, оғози Ҳафтаи дифои муқаддас дар ҷавори марқади мутаҳҳари имоми Хумайнӣ (раҳ) бо баёни инки дар таърихи кишвари Эрон дифои муқаддас сароғози ҳаёти ҷадиди миллати Эрон барои таърихсозӣ ва нақшофаринӣ дар тағйири муъодилоту ҳандасаи қудрати ҷаҳонӣ ба шумор меравад, гуфт: Ҳарчӣ замон мегузарад ин таъсиргузорӣ беш аз гузашта намоён мешавад.
Вай афзуд, дифои муқаддас саҳнаи бурузи шоистагиҳо ва фазилатҳои миллати Эрон аст, ки бо вуҷӯди таҳоҷуми душманон ва пуштибонии истикбори ҷаҳонӣ, ин миллати азиз сарбаланд шуд.
Генерал Боқирӣ бо ишора ба инки миллати Эрон ҳамвора собит карда миллате сулҳҷӯ аст, гуфт: Қудрати низомии Эрон сирфан барои дифо аст ва имрӯз ҳаво, замин, дарё ва фазо ва ҷои маъмуриятҳои нерӯҳои мусаллаҳ, фаварони қудрати Ҷумҳурии Исломии Эронро нишон медиҳад.
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ хотирнишон кард: Ин қудрати боздорандагии пойдореро эҷод карда, ки заминаи пешрафти ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам намудааст, ки инро мадюни ҳамосаи муқовимат ва пойдории фарзандони ин миллат дар муқобила бо душманон ҳастем.
Вай бо баёни инки аз кишварҳои ҷанубии Халиҷи Форс интизор дорем муроқиби фитнаангезии саҳюнистҳо бошанд, гуфт, ҳузури саҳюнистҳо мухилли амнияти минтақа аст ва бо ишроф ва расади иттилоотӣ тамоми таҳаррукоти онҳоро зери назар дорему чунончӣ таҳдидеро эҳсос кунем, бо аносири режими саҳюнистӣ ва пуштибонони онҳо бархӯрд хоҳем кард.
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ тасреҳ кард: Амрико ва режими саҳюнистӣ таҳдидгари амнияти минтақа ҳастанд ва умедворем ояндае бидуни ин таҳдидотро дошта бошем.