Сентябр 22, 2022 15:43 Asia/Dushanbe
  • Эрон мизбони рузҳои фарҳангии Тоҷикистон
    Эрон мизбони рузҳои фарҳангии Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард аз 10 то 17 меҳрмоҳ дар шаҳрҳои Теҳро, Шероз ва Табрези Эрон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс даҳҳаи дувуми меҳрмоҳ рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт: Рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Эрон қарор аст дар рӯзҳои 10 то 17 меҳрмоҳ баргузор мешавад.

Дар чорчуби рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон консерт ва намоишгоҳҳо бо ҳузури ҳунармандони тоҷик баргузор хоҳад шуд.