Сентябр 24, 2022 11:50 Asia/Dushanbe

Дидори тадорукотии тимҳои миллии футболи Эрон ва Уругвай бо пирӯзии як бар сифри тими Эрон ба поён расид.

Тимҳои миллии футболи Эрон ва Уругвай дар ростои омодасозӣ ҷиҳати ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии Қатари рӯзи ҷумъа дар як бозии тадорукотӣ дар Санкт-Паултен, Австрия ба масофи ҳам рафтанд.

Голи ин мусобиқаро Меҳдии Торимӣ дар дақиқаи 79 ба самар расонд.

Шикаст муқобили Эрон, аввалин бохти Уругвай дар ҳафт бозии гузаштаи худ,аз шаш бурд ва як мусовӣ, ки касб карда буд.

Тими миллии Эрон пас аз ин бурди рӯҳиябахш рӯзи сешанбе дар дуюмин бозии тадорукотӣ муқобили Сенегал ба майдон меравад.

22-умин давраи Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 20 ноябр то 18 декабр дар Қатар баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп