Сохти ҳамаи қисмҳои болгард дар дохили Эрон
Фармондеҳи ҳавонирӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз сохти ҳамаи қатаъоти болгард дар дохили Эрон хабар дод.
Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо вуҷӯди таҳримҳо ба муваффақиятҳои чашмгире барои тавлиди таҷҳизоти низомии пешрафта даст ёфтаанд.
Генерал Юсуфи Қурбонӣ, фармондеҳи ҳавонирӯзи артиши Эрон, бо ишора ба насби ҳамаи имконоти болгардҳои пешрафтаи дунё бар рӯй болгардҳои ҳавонирӯзи Эрон гуфт, ҳавонирӯз имрӯз бо ҳамкории ширкатҳои донишбунён ва санъати дифо қодир ба тавлиди болгард ва тақвияти анвоъи матори болгардҳост.
Вай бо ишора ба хадамоти ҳавонирӯз дар даврони дифои муқаддас афзуд, дастовардҳои имрӯзи ҳавонирӯз марҳӯни таҷориби даврони дифои муқаддас ва талош бевақфаи мутахассисони дохилии Эрон аст.
Генерал Қурбонӣ таъкид кард, тактикҳои набарди ҳавонирӯз ба таври куллӣ тағйир кардааст ва ончӣ ки имрӯз болгардҳои пешрафтаи дунё аз он баҳра мебаранд, бар рӯи болгардҳои ҳавонирӯз низ насб аст, таслеҳоти бурди баланд, мӯшакҳои ҳӯшманд ва нуқтазан, ихлолгарҳои радарӣ, сомонаҳои дид дар шаб, мӯшакҳои ҳаво ба ҳаво ва сомонаҳои фиреби мушакӣ, аз ҷумлаи таҷҳизоти мавриди истифодаи болгардҳои ҳавонирӯз аст.
Фармондеҳи ҳавонирӯзи артиш хотирнишон кард, бо баҳрагирӣ аз таҷориби арзишманди даврони дифои муқаддас дар сахттарин шароити таҳримӣ, роҳбурди тавлиди қатаъоти болгардиро пеш бурдем.