Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Дар посух ба ҳаргуна таҷовузе таъхир намекунем
(last modified Sat, 24 Sep 2022 09:25:19 GMT )
Сентябр 24, 2022 14:25 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Дар посух ба ҳаргуна таҷовузе таъхир намекунем

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба раҷазхониҳои нахуствазири режими муваққати саҳюнистӣ дар Созмони милал тасреҳ кард, Эрон собит кардааст дар сӯрати ҳаргуна таҷовузе, дар додани посухи ҳавлнок таъхир нахоҳад кард.

Носири Канъонӣ рӯзи шанбе дар паёме ба изҳорот бе появу асоси  Яир Лапид, нахуствазири режими муваққати саҳюнистӣ дар ҳафтод 77- умин Маҷмаи умумии Созмони милал дар Ню-Йорк вокуниш нишон дод.

Вай дар ин паём навишт: Нахуствазири режими террористии шумораи як ҷаҳон, ба тақлид аз салафи шикастхӯрдаи худ, аз трибуни Маҷмаи умумии Созмони милал барои нафратпароканӣ ва таҳдиди миллати Эрон сӯиистифода кард. Ин шеваи амали марсӯми онҳо барои таҳдиди ҷаҳон ва аххозӣ аст.

Канъонӣ хотирнишон кард, Эрон собит кардааст, ки дар сӯрати ҳаргуна таҷовузе, дар додани посухе ҳавлнок диранг нахоҳад кард.

Image Caption