Сентябр 24, 2022 17:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳур бар зарурият бархурди қотеъ бо муъоризони амният ва оромиши кишвар
    Таъкиди раисиҷумҳур бар зарурият бархурди қотеъ бо муъоризони амният ва оромиши кишвар

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо хонаводаи шаҳид Муҳаммадрасули Дустмуҳаммадӣ бар зарурияти бархурди қотеъ бо муъоризони амният ва оромиши кишвар таъкид кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз бозгашт аз Ню-Йорк дар тамоси телефонӣ бо хонаводаи шаҳид Дустмуҳаммадӣ зимни ибрози таслияти худ ва дилҷуӣ аз хонаводаи ин шаҳиди бузургавор бар пайгири ва бархурди қотеъона бо мусабибини шаҳодати вайт таъкид кард.

Раиси ҷумҳур бо таъкид бар зарурияти тафкики эътироз ва ихлол дар назму амнияти умумӣ ошкор шудани воқеъиятҳо аз он чи ба шаҳодати шаҳид Дустмуҳаммадӣ анҷомида астро ошубгари ва шарорат хонд ва зарурияти бархурди қотеъ бо муъоризони амният ва оромиши кишвар ва мардумро ба дастгоҳҳои масъул тазакур дод.

Раисӣ афзуд: Амнияти Эрони исломӣ ва миллати шарифи Эрон марҳуни муҷоҳидатҳо ва хуни ҳазор шаҳиди ҳамчун шаҳиди Дустмуҳаммадӣ аст ва давлат ва миллати Эрон бо ҷону дил қадри ин амният ва ҳамаи мудофеъон ва муҷоҳидони ин арсаро медонанд.