Шаш нишони намояндагони Эрон дар Лигаи ҷаҳонии каратеи Туркия
Лигаи ҷаҳонии “Карате – 2022” дар ҳоле дар Туркия пайгирӣ шуд, ки намояндагони Эрон муваффақ ба касби 2 тилло, як нуқра ва се бринҷии дигар шуданд.
Дар идомаи рақобатҳои Лигаи ҷаҳонии карате намояндагони Эрон ба масофи руқабои худ рафтанд, ки муваффақ ба касби 2 нишони тилло, як медали нуқра ва се гардановези бринҷӣ шуданд.
Сеюмин марҳала аз мусобиқоти Лигаи ҷаҳонии карате сеюми меҳр ба кори худ поён дод.
Маҳмуди Неъматӣ бо 7 пирӯзии муқтадирона соҳиби медали тиллои вазни ба изофаи 84 килограм шуд ва дар финал бо натиҷаи як бар сифр Форуқ Арсалон аз Туркияро шикаст дод то бар зинаи аввали ин давра аз рақобатҳо такя бизанад.
Меҳдии Худобахшӣ, дигар намояндаи Эрон низ бо 7 пирӯзӣ соҳиби медали тиллои вазни мардҳои 84 килограм шуд ва дар дидори ниҳоӣ бо натиҷаи 3 бар сифр Ҳасан Арсалон аз Туркияро шикаст дод то медали тиллоро аз они худ кунад.
Алии Мискинӣ бо шаш пирӯзӣ ва як шикаст медали нуқраи вазни мардҳои 60 килограмро аз они худ кард.
Муҳаммадризо Гелонпур дар вазни мардҳои 84 килограм низ бо 6 пирӯзӣ ва як шикаст соҳиби нишони бринҷӣ шуд.
Муртазо Неъматӣ низ дар вазни мардҳои 67 килограм бо 5 пирӯзӣ ва як шикаст соҳиби медал бринҷӣ шуд.
Маҳсо Афсона низ медали бринҷии бахши инфиродии бонувонро барои Эрон ба армуғон оварда буд.