Таслияти фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ризо(а)
(last modified Mon, 26 Sep 2022 11:50:51 GMT )
Сентябр 26, 2022 16:50 Asia/Dushanbe
  • Таслияти фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ризо(а)
    Таслияти фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ризо(а)

Сешанбе 29 сафари соли 1444 ҳиҷри қамарӣ баробар бо 26 сентябр соли 2022 солрӯзи шаҳодати имом Ризо(а) аст.

Ҳазрати имом Ризо(а) дар соли 148 ҳиҷри қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушоданд ва дар охирин рӯзи аз моҳи сафари соли 203 ҳиҷри қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Даврони ҳаёт ва имомати ҳазрати имом Ризо(а) даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳлубайти исмат ва таҳорат(а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонаводаи аҳлубайти Паёмбар(а) аст.

Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имом Ризо(а) Маъмун халифаи Абосӣ бо дасисачини Ишонро масмум ва шаҳид карданд.

Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо(а) бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масҷидҳо, ҳарами мутаҳҳари Ишон дар шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума(а) дар шаҳри муқаддаси Қум аъзодори мекунанд.

Сомона ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо(а)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва дигар озодахоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.