Вуруди беш аз 4 миллион зоир ба Машҳад
-
Вуруди беш аз 4 миллион зоир ба Машҳад
Ҳамоҳангии умури зоирони устони Хуросони Разавӣ шимоли шарқи Эрон гуфт: Аз 18 сентябр то шаби якшанбе чаҳор миллиону 200 ҳазор нафар ба шаҳри Машҳад ворид шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ҳуҷатулислом вал муслимин Ганободинажод, муъовини ҳамоҳангии умури зоирони устондории Хуросони Разавӣ афзуд: Бо вуруди ини теъдод аз зоирон то кунун 64 дарсад аз зарфияти 690 ҳазор нафари искони расмӣ, мувақат ва изтирори пура шуда аст.
Ҳуҷалтулислом вал муслимин Ганободинажод таъкид кард: Воҳидҳои истиқоматии расмӣ бо беш аз 90 дарсад такмили зарфият бештарин мизони иқоматро доранд.
Сешанбе 30 сафари соли 1444 ҳиҷри қамарӣ баробар бо 27 сентябри соли 2022 солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо(а) имоми ҳаштуми шиаъёни ҷаҳон аст.
Ҳазрати имом Ризо(а) дар соли 148 ҳиҷри қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳиҷри қамарӣ ба шаҳодат расиданд.
Мардуми Эрони исломӣ ҳар сол дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо(а) бо ҳузур дар ҳусейнияҳо, масҷидҳо, ҳарами мутаҳари ишон дар Машҳад ва ҳарами мутаҳари ҳазрати Маъсума(с) дар шаҳри Қум аъзодори мекунанд.