Декабр 06, 2016 13:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи донишҷӯ - намоде аз истикборситезии миллати Эрон

Имрӯз (сешанбе), шонздаҳуми озар (шашуми декабри соли 2016) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи донишҷӯ номгузорӣ шудааст.

Шашуми декабри соли 1953 се донишҷӯи эронӣ пас аз эътироз ба сафари Ричард Никсон, муовини раиси ҷумҳурии вақти Амрико ба Эрон ва ҳамчунин эътироз ба аз саргирии равобити Эрон бо Англия, тавассути нерӯҳои амниятӣ муқобили Донишгоҳи Теҳрон шаҳид шуданд.

Рӯзи донишҷӯ, ёдоварӣ ҳар сари чанд вақт аз торихи муборизоти миллати Эрон зидди сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико дар Эрон аст. Аз ин рӯ, воқеаи 16-и озар дар шаклгирӣ ва ҳуввиятбахшӣ ба муборизоти донишҷӯӣ дар Эрон аз аҳамияти хосе бархурдор аст.

Бархурдорӣ аз гуфтумони истикборситезӣ ва ормонгароии диниву инқилобӣ, барҷастатарин шохисаҳои ҷумбиши донишҷӯии Эрон аз замони шаклгирӣ то ба имрӯз аст.

Баррасии ҳуввияти торихӣ ва раванди шаклгириву нақшофариниҳои ҷумбиши донишҷӯӣ дар Эрон низ нишон медиҳад, ки қишри донишҷӯ ҳамвора бо ташхису таҳлили дуруст, рисолати худро дар чорчӯби масолеҳу манофеи миллии Эрон таъриф кардааст.

Маросими Рӯзи донишҷӯ дар Донишгоҳи Теҳрон бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон баргузор мешавад.

 

Барчасп