Сентябр 28, 2022 09:31 Asia/Dushanbe
  • Шоми ғарибони имом Ризо (а) баргузор шуд

Ходимони боргоҳи Разавӣ бо лолаҳои шамъ дар даст ва бо марсиясароӣ, ойини шоми ғарибони имом Ризо (а)-ро баргузор карданд.

Ойини шоми ғарибони ҳазрати имом Ризо (а), шаби гузашта бо ҳузури тавлияти остони Қудси Разавӣ ва ходимони боргоҳи мунаввари Разавӣ дар Машҳад баргузор шуд.

Дар ин ойини суннатӣ ҷамъе аз ходимони боргоҳи мунаввари ҳазрати имом Ризо (а)  пас аз иқомаи намози мағрибу ишо дар ҳоле, ки лолаҳои шамъ дар даст доштанд, ҳаракати худро аз тақотуи шаҳид Шӯштарӣ дар хиёбони Наввоби Сафавӣ ба самти ҳарами мутаҳҳари Разавӣ оғоз карданд ва дар масир низ маддоҳон марсиясароӣ карданд.

Дар ин маросим байрақи сиёҳи ҳарами имом Ризо (а) пешопеши ходимон ба эҳтизор даромад ва дар канори ходимони боргоҳи Разавӣ, тавлияти остони Қудси Разавӣ, устондори Хуросони Разавӣ ва ҷамъе аз мудирони устон ҳузур доштанд.

Ходимони боргоҳи нур сипас дар саҳни Инқилоби исломии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ гирди ҳам омаданд ва дар канори панҷараи фӯлод ҳамроҳ бо зоирон, азодорӣ ва сӯгвории бошукӯҳе барпо карданд.

 

Барчасп