Сентябр 28, 2022 17:13 Asia/Dushanbe
  • Эҳсоси хатари душманон аз иқтидори низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Эҳсоси хатари душманон аз иқтидори низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, душман барои фитнангези дар кишварро ноши аз эҳсоси хатар аз иқтидор ва пешрафти низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба дидорҳои ахири худ ва суханони сарони кишварҳои мухталиф гуфт дар ин дидорҳо онҳо ба пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои мухталиф эътиоф карда ва ниёзи худро ба баҳраманди аз ин пешрафтҳо изҳор карданд.

Раисӣ афзуд: Талоши душман барои фитнангези дар кишвар ноши аз эҳсоси хатаре аст, ки аз ин иқтидор ва пешрафти низом мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар лузуми тадовум ва иртиқоъи ин иқтидор таъкид кард бояд иқтидори ифтихоромези Ҷумҳурии Исломӣ бо баёни дақиқ ва кашф намудани осори фарҳангии мондгор ба рух кашида ашавад то ҳам душманон беш аз гузашта ба он пай бурда ва ба ин бузурги эътироф кунанд ва ҳам насли ҷадид нисбат ба абъоди ин иқтидор огоҳ шуда ва ба он ифтихор кунанд.

 

Барчасп