Тиҷорати хориҷии Эрон аз 50 миллиард доллар гузашт
(last modified Wed, 28 Sep 2022 14:46:20 GMT )
Сентябр 28, 2022 19:46 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати хориҷии Эрон аз 50 миллиард доллар гузашт
    Тиҷорати хориҷии Эрон аз 50 миллиард доллар гузашт

Тиҷорати хориҷии Эрон дар 6 моҳи гузашта бо 13.2 дарсад афзоиш ба рақами 50 миллиарду 282 миллион доллар расид.

Ба гузоризориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гумруки Эрон эълом кард: Тиҷорати хориҷии Эрон дар 6 моҳи гузашта аз назари вазн 67 миллиону 103 ҳазор тонна коло буда аст.

Дар ин муддат 51 миллиону 783 ҳазор тонна коло ба арзиши 24 миллиарду 251 миллион доллар содир шуд, ки ин мизон содирот аз ҳайси вазн 12.5 дарсад коҳиш ва ба лиҳози арзиш 13.32 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Бар асоси ин гузориш мизони воридоти коло дар 6 моҳи аввали имсол 16 миллиону 320 ҳазор тонна коло ба арзиши 26 милларду 31 миллион доллар буд, ки аз ҳайси вазн 14.72 дарсад коҳиш ва аз лиҳози арзиш 13.15 афзоиш дошта аст.

Кишварҳои бештари мақсади кололҳои содиротии Эрон шомили Чин, Ироқ, Амрот, Туркия ва Ҳинд буд.

Бинбар гузориши гумруки Эрон 5 навъи авали колоҳи воридоти ба ин кишвар дар нимаи аввали имсол шомили биринҷ, гандум, ҷувори, донаи суё ва телефони ҳамроҳ буда аст.

Бештар бихонед: