Амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон қобили мусомиҳа нест
(last modified Fri, 30 Sep 2022 12:55:05 GMT )
Сентябр 30, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъа гуфт, миллати Эрон бо басират сафи худро аз фитнагарон ҷудо кард
    Хатиби намози ҷумъа гуфт, миллати Эрон бо басират сафи худро аз фитнагарон ҷудо кард

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон қобили мусомиҳа нест.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷиалиакбарӣ бо қадрдонӣ аз иқдоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар саркӯби террористҳои таҷзияталаб дар минтақаи Курдистони Ироқ афзуд, гурӯҳакҳои террористӣ дар 50 то 60 пойгоҳи худ дар минтақаи шимоли Ироқ анвои мафосидро зидди амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон анҷом медиҳанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар идома бо ишора ба ҳаводиси ахири Эрон ва сӯиистифодаи душманону ошӯбгарон, ҳузури мардум дар роҳпаймоии уммати расулуллоҳ (с) -ро сохтани ҳамосаи тозае дар дили душвориҳо тавассути мардум тавсиф карду афзуд: Миллати Эрон бо басират, ғайрат, душманшиносӣ ва тарҷеҳи масолеҳи миллӣ, ки ҳосили ду моҳ азодории сайиду солори шаҳидон ва Арбаин буд, сафи худро аз фитнагарон ҷудо кард.

Ҳоҷиалиакбарӣ бо таъкид бар ин ки дар ҳаводиси ахир нисбат ба ҳиҷоб ҳурматшиканӣ сурат гирифт,афзуд: Дастгоҳи қазоӣ ва қонунгузор бояд нисбат ба ҳиҷоби бонуи мусулмону муъмин сахтгирона қонунгзорӣ кунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо гиромидошти ёди шуҳадои амнияту дифоъ аз кишвар дар ҳаводиси ахир, аз суханронии олимонаву инқилобии Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳафтодуҳафтумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк қадрдонӣ кард.