Фармондори Зоҳидон: Шаҳри Зоҳидон дар амнияти комил басар мебарад
Фармондори шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систон ва Балучистони Эрон, таъкид кард, шаҳри Зоҳидон бо талоши нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар оромиши комил ба сар мебарад.
Ҷамъе аз аносури маониди низом, рӯзи ҷумъа наздики масҷиди Маккии Зоҳидон таҷаммуъ ва иқдом ба тирандозӣ карданд, ки дар ин ҳодиса Саидалии Мусавӣ, фармондеҳи иттилооти сипоҳи устони Систон ва Балучистон ба шаҳодат расид.
Ашрори мусаллаҳ дар Зоҳидон, низ бо ҳамла ба 3 калонтарӣ ва эҷоди руъбу ваҳшат барои мардум, иқдом ба тирандозӣ ба самти калонтарии 16 Зоҳидон карданд.
Бар асоси ин гузориш, дар бархе манотиқи шаҳр низ ошӯбгарон чанд сатели ошғолро оташ зада ва як нонвоӣ дар минтақае дигар мавриди ҳуҷуми ашрори мусаллаҳ қарор гирифт.
Дар идомаи иқдомоти ошӯбгаронаи террористҳо дар шаҳри Зоҳидон, як мошини оташнишонӣ, як пойгоҳи ёрии таъҷилӣ ва бархе амокини дигарро низ ашрор ба оташ кашиданд, аммо талоши онҳо барои идомаи иғтишошот бо ҳузури неруҳои амниятӣ ноком монад ва ҳам акнӯн вазъияти шаҳр пойдор аст.
Абӯзари Меҳдӣ Нахаъӣ, фармондори шаҳри Зоҳидон, шомгоҳи ҷумъа дар гуфтугӯи телевизионӣ бо Садо ва симо бо ишора ба инки баъд аз намози ҷумъаи аҳли тасаннуни Зоҳидон,иддае маълумулҳол ва аз аносури вобаста ба бегона ба калонтарии 16 дар муҷовирати маҳали баргузории намози ҷумъа ҳамлавар шуданд, гуфт, ибтидо ин афрод иқдом ба сангпароканӣ ва пас аз муддате бархе аз афроди ҳозир дар ин ҷамъ иқдом ба тирандозӣ карданд ва ба қасди тасарруфи калонтарӣ ҳамлавар шуданд.
Вай афзуд, теъдоде аз афрод, ки қасди бар ҳам задани назму амнияти шаҳри Заҳидонро доштанд, билофосила дар сатҳи шаҳр бавижа дар нуқоти ҳошияӣ пароканда шуданду иқдом ба тахриби амокини давлатӣ, бонкҳо, худравҳои оташнишонӣ ва худравҳои мардум дар он маҳдӯда карданд.
Нахаъӣ тасреҳ кард, бо ҳӯшёрии неруҳои низомӣ, интизомӣ ва низ мардум, нақшаҳои ин афрод дар эҷоди ноамнӣ ва бар ҳам задани оромиши ҷомеъа амалӣ нашуду шаҳр таҳти кантроли интизомӣ қарор гирифтааст.