Боздошти 8 нафар аз ашрори мусаллаҳ дар Зоҳидон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i92056-Боздошти_8_нафар_аз_ашрори_мусаллаҳ_дар_Зоҳидон
Додситони маркази устони Систон ва Балӯчистони Эрон, таъкид кард, токунӯн ҳашт нафар аз ашрори мусаллаҳ, ки қасди афзоиши доманаи ноамниҳоро доштанд, боздошт шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 01, 2022 14:38 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 8 нафар аз ашрори мусаллаҳ дар Зоҳидон

Додситони маркази устони Систон ва Балӯчистони Эрон, таъкид кард, токунӯн ҳашт нафар аз ашрори мусаллаҳ, ки қасди афзоиши доманаи ноамниҳоро доштанд, боздошт шудаанд.

Ҷамъе аз аносури маониди низом, рӯзи ҷумъа наздики масҷиди Маккии Зоҳидон таҷаммуъ ва иқдом ба тирандозӣ карданд, ки дар ин ҳодиса Саидалии Мусавӣ, фармондеҳи иттилооти сипоҳи устони Систон ва Балучистон ба шаҳодат расид.

Ашрори мусаллаҳ дар Зоҳидон, низ бо ҳамла ба 3 калонтарӣ ва эҷоди руъбу ваҳшат барои мардум, иқдом ба тирандозӣ ба самти калонтарии 16 Зоҳидон карданд.

Меҳдии Шамсободӣ, додситони марказии устони Систон ва  Балучистони Эрон, гуфт, бар мабнои гузоришҳои аввалия, афроде қасд доштанд баъд аз эҷоди ноамнӣ ба ҳар тариқе аз минтақа хориҷ шаванд, ки ин афрод дар гарави иттилоотии сарбозони гумноми имоми Замон (а) дар системаи иттилоотии кишвар қарор гирифтаанд.

Додситони марказии устони Систон ва Балучистон афзуд, афроди мутаарризу ҳамлакунанда вобастагии созмонӣ ба гурӯҳакҳои маонид доштаанд ва гурӯҳакҳои зидди тамомияти арзии кишвар аз онҳо эълом ҳимоят кардаанд.

Шамсободӣ ҳамчунин гуфт, неруҳои амниятӣ ва иттилоотӣ дар ҳоли шиносоии комили ашрори мусаллаҳ ҳастанд ва дастури боздошти бархе ашрори шиносоӣ шуда низ содир шудааст.

Додситони марказии устони Систон ва Балучистон тасреҳ кард, ҳадафи маонидини низом барҳам задани ваҳдат байни шиа ва суннӣ аст ва ҳам уламои аҳли ташайюъ ва ҳам мавлавиҳои аҳли тасаннун аз иқдомоти ин гурӯҳаки маониди низоми эъломи безорӣ ва бароъат кардаанд.