Октябр 05, 2022 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Амир Абдуллоҳиён ба Иттиҳодияи Аврупо
    Ҳушдори Амир Абдуллоҳиён ба Иттиҳодияи Аврупо

Вазири хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои италяи худ таъкид кард: Агар Иттиҳодияи Аврупо бихоҳад бо рафтори дугона иқдоми шитобзада ва насанҷида анҷом диҳад бояд мунтазири иқдоми муасир ва мутақобили Эрон бошад.

Луиджи Ди Майо, вазири хориҷаи Италия рӯзи чаҳоршанбе бо Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон бо телефонӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин гуфтугӯи ахир таҳавулоти муртабит бо муносиботи дуҷониба музокира бароирафъи таҳримҳо, ҳаводиси ахир дар Эрон ва сӯи истифодаи ошубгарон ва иғтишошгарон ва мудохилоти хориҷӣ дар таҳавулоти дохилии Эрон мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Мудохилаҷуиҳои теъдоди аз кишварҳои аврупоӣ дар бораи таҳавулоти дохилии ин рӯзҳо дар Эрон вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳамроҳ дошт ва сафирони ва раисони намояндагиҳои Шветсария, Фаронса, Норвегия ва ҳамчунин Британия ба Вазорати хориҷа эҳзор шуданд ва маротиби эътирози Эрон ба онҳо иблоғ шуд.

Ба гузориши хабаргузории радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Амир Абдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи дтелефонӣ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эътиқоди амали ба демакратия ҳамвора ба мутолиботи мусолематомези мардум таваҷуҳ карда аст.

Вазири хориҷаи Эрон афзуд: Ҳаводиси ахир мудохилагарони хориҷӣ, омилҳои созмондиҳи шуда ва террористҳо масири иҷтимоъоти мусолематомези мардумро ба тарафи хушунат, ошуб ва куштори мардуми бегуноҳ ва полис ва ҳофизони амният сувқ доданд.

Вазири хориҷаи Эрон хотирнишон кард: Аз мавозеъ ва мудохилоти бархе мақомоти аврупоӣ дар ҳаводиси ахир нохурсандем ва агар Иттиҳодияи Аврупо бихоҳад бо рафтори дугона иқдоми шитобзада ва насанҷида анҷом диҳад бояд мунтазири иқдоми муассир ва мутақобили Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад.

Вазири хориҷаи Италия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронии худ гуфт: Барои робита бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамият қоил ҳастем ва аз талошҳои Эрон дар расидан ба тавофуқи пойдор дар БарҶом қави ҳимоят мекунем.

Вазири хориҷаи Италия ҳамчунин хотирнишон кард: Ба ҳокимият ва қавонини Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром мегузорем ва ҳисоби опсух ба мутолиботи мусолематомези мардум аз ошуб ва терроризм ҷудо аст.

 

Барчасп