Мухбир: Кишварҳои ҳошияи Хазар барои густариши равобит бо Эрон мусамам ҳастанд
(last modified Wed, 05 Oct 2022 14:13:01 GMT )
Октябр 05, 2022 19:13 Asia/Dushanbe
  • Мухбир: Кишварҳои ҳошияи Хазар барои густариши равобит бо Эрон мусамам ҳастанд
    Мухбир: Кишварҳои ҳошияи Хазар барои густариши равобит бо Эрон мусамам ҳастанд

Муъовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Кишварҳои ҳошияи Хазар барои густариши равобит бо Эрон мусамам ҳастанд.

Муҳаммади Мухбир рӯзи чаҳоршанбе ба даъвати Михаил Мишустин, нахуствазири Русия барои ширкат дар дувумин маҷмаъи иқтисодии Хазар дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ Теҳронро ба мақсади Маскав тарк кард.

Муъовини аввали раиси ҷумҳур дар ин сафар илова бар суханрони дар дувумин маҷъмаи иқтисодии Хазар бо бархе мақомоти ширкаткунанда дар ин иҷлос дар хусуси рушди равобит ва дигар мавзуъоти мавриди таваҷуҳи тарафайн гуфтугӯ ва музокира хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Мухбир пеш аз сафар бо баёни ин ки равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Русия наздик ва самими аст гуфт: Равобити Теҳрон ва Маскав хусусан бо роҳбурди ҷадиде, ки давлати сездаҳум барои иртиқо ва рушди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар пеш гирифт дар як соли ахир таҳавулоти ҷадид ва мусбатеро дар ҳавзаи тиҷорат, сармоягузори ва саноат дошта аст.

Мухбир бо таъкид бар аҳамияти дувумин маҷмаъи иқтисодии Хазар афзуд: Ин иҷлос ҳам ба лиҳози ҳуқуқи ва ҳам иқтисоди аз назари масоили зистмуҳити аз аҳамияти фаровон барои кишварҳои соҳили Хазар бархурдор аст.

Нахустин маҷмаъи иқтисодии кишварҳои шоҳияи Хазар соли 2019 бо ҳузури панҷ кишвари узви яъне Эрон, Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи гардишгарии Овозаи Туркманистон баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: