Охирин омори корона дар Эрон
Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пишикии Эрон аз фавти 8 нафар бар асари мубталои ба вируси корона дар кишвар хабар дод.
Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Дар 24 соати гузашта 8 бемори мубтало ба Ковиди-19 дар кишвар фавт карданд, ки маҷмуъи фавтиҳо ба 144 ҳазору 466 нафар расид.
Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард: аз рӯзи сешанбе то чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ ва бар асоси меъёрҳои қатъи ташхис 290 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди-19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмуъи беморон ба 7 миллиону 550 ҳазору 691 нафар расид.
Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод дар шабонарузи гузашта 3 ҳазору 188 доза ваксинаи корон дар кишвар тазриқ шуда аст.
Вазорати беҳдошт эълом кард: То кунун 65 миллиону 92 ҳазору 318 нафар дозаи аввал, 58 миллиону 493 ҳазору 370 нафар дозаи дувум ва 31 миллиону 244 ҳазору 494 нафар низ дозаи севуми ваксинаи коронаро тазриқ карданд, ки маҷмуъи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон 154 миллиону 830 ҳазору 182 доза расид.
Бештар бихонед: