Октябр 06, 2022 11:47 Asia/Dushanbe
  • Имом Замон ҳеҷ ҷонишини хосе барои худ таин накардааст
    Имом Замон ҳеҷ ҷонишини хосе барои худ таин накардааст

Дар рӯзи нуҳуми рабеъ-ул-аввал соли 260 ҳиҷрии қамари дар пайи шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а)аввалин рӯзи имомати ҳазрати Маҳди (аҷ)оғоз шуд. Эшон фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ ва аз наберагони паёмбари бузургавори Ислом (с) аст.

Ҳазрати Маҳди (аҷ) ба фармони Худованд, аз дидагони мардум пинҳонт шуд, ки ба ин давра  "ғайбати суғро" мегӯянд.

Аммо аз он пас давраи  "ғайбати кубра" оғоз шуда, ки дар он , Имом Замон ҳеҷ ҷонишини хосе барои худ таин накардааст ва бинобар тавсиаи Ишон , фуқаҳои исломшинос, бо тақво ва огоҳ ба замон, ҷонишони оми Имоми Замон (аҷ) маҳсуб мешанавд.

Бар асоси аҳодиси муътаъдид ва муътабар, он ҳазрат бо кумаки ёрони хоси худ, дар замоне, ки беадолати ба болотарин ҳадди худ бирасад, барои барқарории ҳукумати ҷаҳони Ислом қиём хоҳад кард ва адлу додро дар саросари замин барқарор хоҳад кард.