Муаррифии фарҳанг, шеър ва саноати дастии Эрон дар намоишгоҳи Боку
Ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Боку бо ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.
Ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Боку бо ҳузури 60 ношир аз 16 кишвари хориҷӣ ва 130 муассисаи дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муддати панҷ рӯз (5 то 9 октябри 2022) мизбонии фаъолони фарҳангӣ, донишҷӯён ва эрондӯстон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.
Нахустин бор дар намоишгоҳи Боку ду китоб муаррифии "саноати дастии Эрон" ва "Маҷмуаи мунтахабӣ аз шеърҳои эронӣ" ба забони озарӣ арза шудааст.
Китоби муаррифии саноатии дастии Эрон нақши муҳимме дар муаррифии зарфиятҳои гардишгарии Эрон дорад.
Ёсири Аҳмадванд, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар маҳали ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Боку гуфт, беш аз 400 унвон китоб бо мавзӯҳои мухталиф аз ноширони эронӣ дар намоишгоҳи Боку арза шудааст.
Вай таъкид кард, Эрон бо меҳварияти адабиёти кӯдак ва навҷавонон ва Эроншиносӣ ҳузури пурранге дар ин намоишгоҳ дорад.
Саидаббоси Мӯсавӣ, сафири Эрон дар Боку низ гуфт, яке аз абъоди муҳими равобити Эрон бо кишварҳои ҳамсоя, равобити фарҳангӣ буда ва ин равобит дар ҳавзаи тамаддунӣ пуррангтар аст.
Сафири Эрон дар Боку таъкид кард, равобити Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯз ба рӯз дар абъоди мухталиф, аз ҷумла мусиқӣ, фарҳангӣ ва расонаҳо ва дигар абъоди дипломасии умумӣ дар ҳоли таъмиқ аст.