Декабр 07, 2016 12:00 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати усулии Эрон мудохила накардан дар умури дохилии кишварҳост

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иттиҳомоти Арабистон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрони ҳечгуна фаъолияти муғойир бо муқаррароти байналмилалӣ ва усули дипломатӣ дар Арабистон надошта ва надорад ва иттиҳомзаниҳои воҳӣ ва беасос бо ағрози сиёсӣ сурат мегирад, ки кизбу мардуд аст.

Ба иттилои маркази дипломатии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ дар вокуниш ба ахбору иддаоҳои мунташиршуда дар хусуси муҳокимаи як гурӯҳи ҷосусӣ барои Эрон дар додгоҳҳои Саудӣ афзуд: Дар шароите, ки ҷаҳони ислом минтақаи ниёзманди ваҳдат ва иҷтиноб аз тарҳи масоили танишофарин аст, ҷаълу интишори иттиҳомоти воҳӣ ва ба дур аз ҳақиқат, ба маслиҳати ҳеч як аз кишварҳои минтақа нест.

Вай афзуд: Арабистон набояд дар паи ворид кардани иттиҳомоти воҳӣ ба ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳадафи баҳрабардориҳои сиёсӣ ва афзоиши таниш дар минтақа бошад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа дар хусуси ҳуввият ва иттиҳомоти матраҳшуда барои фарди эронии зикршуда дар ахбор гуфт: Давлати Арабистон токунун ҳечгуна иттилооте ба ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи ин фарди иддаоӣ ироа накардааст.

Қосимӣ таъкид кард: Сиёсати усулии ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, риояти ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва мудохила накардан дар умури дохилии дигар кишварҳост.