Октябр 08, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Танаввуъи зарфияти ҳамкории кишварҳои соҳили Хазар

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия гуфт, панҷ кишвари ҳошияи Дарёи Хазар ба сабаби ҳамсоягӣ ва зарфиятҳои иқтисодӣ бояд иртиботҳои худро дар заминаҳои мухталиф густариш диҳанд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия тасреҳ кард, панҷ кишвари ҳошияи Дарёи Хазар тавлидкунандаи энержӣ ҳастанд ва метавонанд дар ин бахши сиёсатҳои худро мутавозин кунанд.

Сафири Эрон дар Русия афзуд, муҳофизат аз Дарёи Хазар дар буъди муҳит зист ва истифода аз манобеи он зарурӣ аст ва ин дарё бо ҳамкории панҷ кишвари соҳилӣ бояд ҳифз шавад.

Ҷалолӣ бо баёни инки зарфиятҳои хубӣ барои густариши ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳои ҳошияи Дарёи Хазар вуҷуд дорад гуфт, ин кишварҳо ба навъе дар каридори шимол ба ҷануб қарор доранду фурсати хуби тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва транзити колост.

Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин баргузории дуюмин маҷмаъи иқтисодии Хазар дар Маскавро муваффақиятомез хонд ва гуфт, Эрон дар ин маҷмаъ барои густариши ҳамкориҳо ва ҳифозат аз Дарёи Хазар пешниҳодҳои хубе матраҳ кард.

Дуюмин маҷмаъи иқтисодии Хазар бо ҳузури Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нахуствазирони чаҳор кишвари соҳилии Туркманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Русия ба муддати ду рӯз (5 ва 6 октябри 2022) дар Маскав баргузор шуд.

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маҷмаъ бо баёни инки Дарёи Хазар мироси муштараки кишварҳои соҳилӣ аст ва бояд барои ояндагон ҳифз шавад гуфт, Эрон барои густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои соҳилии дарёи Хазар азм  ҷаддӣ дорад.

Бештар бихонед: