Октябр 08, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Оғози соли таҳислии ҷадиди донишгоҳҳо дар Эрон бо ҳузури Раисӣ
    Оғози соли таҳислии ҷадиди донишгоҳҳо дар Эрон бо ҳузури Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои оғози соли таҳислии ҷадиди донишгоҳҳо, муасисаҳо ва марокизи омӯзиши олии саросари кишвар дар донишгоҳи Аз-Заҳро(с) Теҳрон ҳузур ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатиҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин маросим бо ишора ба ин ки имрӯз қариб ба 60 дарсад аз донишҷуёни кишварро донишҷуёни духтар ташкил медиҳанд, бархурдории бо ҳам аз руҳияи таҳқиқ ва пажуҳиш бо илм ва бурдбории духтарони донишҷуро дар ин замина муассир донист.

Раисӣ афзуд дар солҳои пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ занони зиёди дар арсаҳои донишгоҳи Эрон хуш дурахшида ва ҳатто тавонистанд тавоноиҳои худро дар арсаҳои ҷаҳони низ ба рухи ҷаҳониён бикашанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард вақте, ки бонувони фарҳихтаи эронӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дастоварди илми ва муҳимеро ироа мекунад бар сакуе қарор мегирад парчами Ҷумҳурии Исломӣ барафрошта ва суруди миллии Эрон навохта мешавад ин барои кишвар қудрат меофаринад.

Раисӣ бо баёни ин ки илм ва дониш аз муъалифаҳои муҳими қудрат ва тавоноӣ ҳастанд изҳор кард Эрон имрӯз дар заминаҳои мухталифи илмӣ ва саноатӣ бо вуҷуди густариши таҳримҳо ба пешрафтҳои хиракунандае даст ёфта аст ва ин масир ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ради пойи душман дар иғтишошоти ахир гуфт, душман тасавур мекунад, ки метавонад дар зарфи  донишгоҳҳо хоҳишҳои худро дунбол кунад, ғофил аз ин ки донишҷуён ва устодҳои эронӣ бедор буд ва иҷозаи таҳақуқи хиёлҳои ботиши душманро нахоҳанд дод ва ҳатман дар арсаи илми ва дониш низ монанди дигар арсаҳо душманро ноком хоҳанд гузошт.