Октябр 10, 2022 09:25 Asia/Dushanbe
  • Маросими субҳгоҳи муштараки \
    Маросими субҳгоҳи муштараки \"Аҳди сарбозӣ\"

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, неруҳои мусаллаҳ пуштибони якдигар ва дар хатти муқаддами миллат барои ҳифзи амнияти кишвару муқобила бо таҳдидот ҳастанд.

Маросими субҳгоҳи муштараки "Аҳди сарбозӣ" бо ҳузури амири сарлашкар Абдураҳими Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли артиш, сардор сартипи посдор Муҳаммадризо Нақдӣ, муовини ҳамоҳангкунандаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва амири сартип Алиризо Сабоҳифард, фармондеҳи Неруи падофанди ҳавоии артиш дар Донишгоҳи хотамуланбиё (с) – и Неруи падофанди ҳавоии артиш баргузор шуд.

Амири сарлашкар Абдураҳими Мӯсавӣ дар субҳгоҳи муштараки "Аҳди сарбозӣ" дар Донишгоҳи хотамуланбиё (с) -и Неруи падофанди ҳавоии артиш бо табрики айёми оғози имомату вилояти ҳазрати соҳибуззамон (аҷ), Ҳафтаи Ваҳдат ва гиромидошти ҳафтаи интизомӣ ба ҳаҷмаҳои густардаву таркибии душманони кишвар ишора кард ва гуфт: Дар масири ҳаракати инқилоб ба сӯи тамаддуни навини исломӣ ва фароҳамсозии заминаи зуҳур, ҳаҷмаи густардаву таркибии душманон дар ҳар бурҳае ба шакле қобили мушоҳида аст.

Амири сарлашкар Мӯсавӣ ҳамчунин гуфт, дар асри инқилоби исломии Эрон, ки бо шавоҳиди бисёр даврони васл ба зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аст, намоди барҷастаи тоғуту низоми султа, шайтони бузурги Амрико ва фарзанди номашрӯи онҳо режими ҷаълии саҳюнистӣ, сардамдори мубориза бо роҳи саодати башар, ки дар нақшаи роҳи инқилоби исломии Эрон мутаҷаллӣ шудааст, ҳастанд.

 

Барчасп