Октябр 11, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Вай тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ низ дар сатҳи минтақа монеъи нил ба халъи  силоҳи ҳастаӣ шудааст
    Вай тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ низ дар сатҳи минтақа монеъи нил ба халъи силоҳи ҳастаӣ шудааст

Намояндаи Эрон дар Кумитаи аввали маҷмаи умумии Созмони Миллал, иқдомоте барои таслиҳоти кардани фазои моварои ҷав ва сойбериро нигарон кунанда хонд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл азҳ Ирно, Ҳайдаралии Балуҷи ройзании намояндагии доими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Созмони Миллал бо табъини мавозеъи усули Эрон дар заминаи халъи силоҳ ва амнияти байналмиллалӣ дар Кумитаи аввал ҳафтодуҳафтумин маҷмаи умумии Созмони Миллал, бо ишора ба таҳдидоти амниятии ғайри мутаориф ва таҳдидоти ҷадид эълом кард, ки дар шароити кунуни, вазъияти сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ вахимтар шудааст.

Намояндаи Эрон дар Кумитаи аввали  маҷмаи умумии Созмони Миллал афзӯд: Афзоиши танишҳшо ҳамроҳ бо мудернизосиюн ва мусобиқаи таслиҳотии ҳастаӣ , ҷаҳонро ба сӯйи ҷанги сард ва ҳатто даргирии ҳасатӣ савқ медиҳад.

Ин дипламати Ҷумҳӯрии Эрон бо ишора ба афзоиши бесобиқаи ҳазинаҳои таслиҳотии ҷаҳон ва рақами  2  трилиёни ва сад миллиар доллар дар соли 2021 тасреҳ кард, ки ҳазинаҳои низомӣ ва низ таслиҳоти ҳастаии Амрико дар муқоиса бо кишварҳои дигар ҳамчунон дар болотарин мизон қарор дорад.

Вай тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ низ дар сатҳи минтақа монеъи нил ба халъи  силоҳи ҳастаӣ шуда ва низоми байналмиллалӣ бояд барпои узвияти ин режим дар муоҳидаи манъи ашоаи салоҳои ҳастаӣ ба унвони узвми ғайри ҳастаӣ ва қабули бозрасиҳои ожонси байналмиллалии  энаргияи аттоми бар фаъолиятҳои ҳастаии ин режим фишор ворид кунад.

 

 

Барчасп