Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ аз суханварони номии ҷаҳон
Рӯзи чаҳоршанбе (20 меҳри 1401) баробар бо 12-уми октябри 2022 дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ, номгузорӣ шудааст.
Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад бин Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ (ҳудӯди солҳои 727 – 792 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо қарни чаҳордаҳуми милодӣ), шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст. Ҳофизи Шерозӣ чун Қуръони Каримро ҳифз буд ба ҳофиз мулаққаб шуд; худ дар шеърҳояш ба ин решаи амиқ ишора кардааст:
Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз
Ба Қуръоне, ки андар синаи дорӣ.
Девони Ҳофизи Шерозӣ, шомили 500 ғазалу теъдоде рубоӣ ва қитъа ва қасида аст. Нусхаҳои хаттии ашъори Ҳофиз дар китобхонаҳои Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Покистон ва Туркия мавҷӯд аст. Тахассуси Ҳофизи Шерозӣ дар ғазал буд, ки вай бо табаҳҳур тавонист дар ин замина, сабукии ҷадидро бо унвони сабки ироқӣ поягузорӣ кунад.
Тарҷумаҳои “Девони Ҳофизи Шерозӣ” дар саросари ҷаҳон мавҷӯд аст ва шоирону мутафаккироне монанди Иоганн Волфганг фон Гёте ва Фридрих Вилгелм Нитше, шоирон ва мутаффакирони олмонӣ аз вай ба некӣ ёд мекунанду таҳти таъсири ашъор ӯ қарор гирифтаанд. Ҳофизи Шерозӣ дар 65 солагӣ аз дунё рафт.
Паёми Ҳофизи Шерозӣ ба инсон ин аст:
Одамӣ аз олам хокӣ намеояд ба даст
Оламе дигар бибояд сохт, в-аз нав одамӣ