Октябр 12, 2022 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Амирабдуллоҳиён ба мудохилаи Аврупо дар умури дохилии Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо вазири хориҷаи Фаронса бо интиқод аз мудохилаи Аврупо дар умури дохилии Эрон, ба Екатерина Колонна дар хусуси идомаи ин раванд ҳушдор дод.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Екатерина Колонна, афзуд, агар Иттиҳоди Аврупо иқдоми маҳдудкунанда анҷом диҳад, Теҳрон низ иқдоми мутақобил анҷом хоҳад дод.

Вай афзуд, дар ин гуфтугӯ тавофуқ кардем, эҳтиром ва манофеи мутақобил бояд бар равобит ҳоким бошад.

Пас аз онки иғтишошот дар Эрон ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ калид зада шуд, Британия, Фаронса ва Олмон се узви аврупоии БарҶом низ ҳамсу бо Амрико дар ҳимоят аз иғтишошгарон вориди майдон шуданд ва дар ин росто на танҳо баёнияҳои мудохилаҷӯёна содиркарданд, балки аз эъмоли таҳрим ҳам сухан гуфтанд ва дар ин миён душанбеи гузашта, Британия таҳрим алайҳи як ниҳод ва чанд мақоми аршади сиёсӣ ва амниятии Эронро амалиётӣ кард.

Як манбаи вазорати хориҷаи Олмон ҳам дар ин замина эълом кард, ки Олмон, Фаронса, Дания, Испания, Италия ва Ҷумҳурии Чехия 16 пешниҳод барои эъмоли таҳримҳои ҷадиди Иттиҳоди Аврупо алайҳи Эрон ироа додаанд ва қарор аст вазирони хориҷаи Иттиҳоди Авруп дар нишасти 17 октябр дар бораи таҳримҳои ҷадид тасмимгирӣ кунанд.

Албатта Иттиҳоди Аврупо ахиран қатъномаеро дар хусуси авзоъи дохилии Эрон содир кард, ки бо вокуниши Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон рӯбарӯ шуд ва ин қатъномаро мардуд ва беарзиш хонд.

 

Барчасп