Муқовимат роҳи наҷоти Фаластин аст
(last modified Wed, 12 Oct 2022 07:05:53 GMT )
Октябр 12, 2022 12:05 Asia/Dushanbe
  • Муқовимат роҳи наҷоти Фаластин аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ифтитоҳияи 36-умин Конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон, муқовиматро роҳи наҷоти Фаластин унвон кард.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ин маросим, мавзӯи Фаластину Қудсро масъалаи аввали ҷаҳони Ислом донист ва гуфт, роҳи наҷоти Фаластину Қудс фақат истодагӣ ва муқовимат дар муқобили режими саҳюнистӣ аст ва имрӯз бо иттико ба доштаҳои бисёр мешавад дар баробари онҳо истодагӣ кард.

Раисӣ бо интиқод аз иқдоми бархе кишварҳои исломӣ дар оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, робитаи байни давлатҳоро мутафовит аз равобити байни миллатҳо донисту афзуд, ба ҳеҷ унвон миллатҳои минтақа оддисозии равобит бо саҳюнистҳоро намепазиранд.

Вай бо таъкид бар инки Амрико ва режими саҳюнистӣ ба дунболи таҳмили тафриқа бар иродаи кишварҳо, эҷоди бозори таслеҳотӣ, тасоҳуби манофеи кишварҳо ва ба ҳошия рондани масъалаи Фаластину Қудси шариф ҳастанд тасреҳ кард, амрикоиҳо ва аврупоиҳо бузургтарин ноқизони ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ҳастанд.

Раисӣ, сиёсати Эронро мубориза бо зулм, терроризму такфир эълом карду афзуд, амрикоиҳо ҳам мегӯянд, ки дунболи мубориза бо терроризм ҳастанд, аммо кист, ки надонад қаҳрамони мубориза бо терроризм дар ҷаҳон Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, шаҳид Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ва нерӯҳои муҷоҳид дар минтақа ҳастанд, ки минтақаро аз лавси вуҷӯди ДИИШ поксазӣ карданд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баршумурдани тавонмандиҳои уммати исломӣ дар ҷаҳони муосир таъкид кард, парчаме, ки имом Хумайнӣ (раҳ.) барафроштан, парчами иттиҳод байни мусулмонон дар саросари олам бо ҳамаи гӯишҳо, иқлимҳо ва нигоҳҳо будааст.

Раисӣ, басиратафзоӣ ва ҷиҳоди табйинро аз вазоифи фарҳехтагону андешмандони ҷаҳони Ислом дар асри ҳозир донист ва гуфт, имрӯз равшангарӣ ва табйин вазифа ҳама аст то бо ҳар василае ҷойгоҳи ислом ва мусулмонон ва вазъияти душман ва нотавонии ӯро табйин кунанд.