Октябр 13, 2022 12:23 Asia/Dushanbe
  • Тамоми фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо назорати Ожонс сурат мегирад

Раиси созмони энержии атомии Эрон дар вокуниш ба интишори гузориши маҳрамонаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи ғанисозӣ дар обшори сеюми сентрифугаҳои ҷадиди Натанз гуфт:Тамоми фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо назорати Ожонс сурат мегирад .

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар гузорише, ки ба рӯяти Райтер  расида муддаӣ шуда Эрон фароянди ғанисозии уранро бо сеюмин обшор аз сентрифугаҳои пешрафтаи насли шашум ,ки ахиран дар таъсисоти Натанз насб шуда, оғоз кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Гузоришҳое, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар рӯзҳои ахир мунташир карда, баргирифта аз иқдомоти расмӣ ва ошкори Созмони энержии атомии Эрон аст .
Исломӣ афзуд :Гузориши охири ожонс маҳрамона аст ва ожонс бояд мулоҳизоти маҳрамонагиро риоят кунад, албатта ҳар мартаба ин гузоришҳои маҳрамона дар ихтиёри расонаҳо қарор мегирад.
Раиси созмони энержии атомии Эрон тасреҳ кард аз онҷое ки Эрон узви расмии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст ва ба муъоҳидот мутаъаҳҳид аст, тамоми фаъолиятҳои ҳастаӣ бо назорати ожонс сурат мегирад; бинобарин ожонсро расман аз қасду ният, тарроҳӣ, замони иҷро ва баҳрабардорӣ огоҳ мекунад .
Раиси созмони энержии атомии Эрон хотирнишон кард, иқдомоти Эрон дар ростои иҷрои қонуни иқдоми роҳбурдӣ ва коҳиши таъаҳҳудоти барҷомӣ сурат гирифтааст .

 

Барчасп