Октябр 13, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Размоиши бузурги иқтидори неруҳои заминии Сипоҳ дар минтақаи умумии Арас баргузор мешавад
    Размоиши бузурги иқтидори неруҳои заминии Сипоҳ дар минтақаи умумии Арас баргузор мешавад

Фармондеҳи неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз баргузории размоиши бузурги иқтидори неруи заминии Сипоҳ дар минтақаи умумии Арас хабар дод.

Генерал Муҳаммад Покпур аз оғози баргузории размоиши бузурги иқтидори неруи заминии Сипоҳ дар чанд рузи оянда дар минтақаи умумии Араса дар шимоли Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Муҳаммад Покпур, фармондеҳи неруи заминии Сипоҳ бо и шора ба баргузории размоиши бузурги ин неру дар шимоли кишвар гуфт: Размоиши бузурги иқтидори неруи заминии Сипоҳ рузҳои оянда дар марзҳои шимолии Эрон ва минтақаи умумии Арас бо меҳварияти қароргоҳи минтақаи Ошуро баргузор хоҳад шуд.

Генерал Муҳаммад Покпур барогузории ин размоиши бузургро иҷрои маъмурият мутобиқ бо тақвими иблоғияи солона ва дар ростои иртиқои омодагии размии неруи заминии Сипоҳ унвон кард.

 

Барчасп