Октябр 14, 2022 21:38 Asia/Dushanbe
  • Рекордшикании бонуи вазнабардори эронӣ; фатҳи 3 нишони тиллои таърихӣ

Бонуи вазнабардори Эрон бо касби 3 нишони тиллои дастаи 81 килограм рақобатҳои вазнабардории қаҳрамонии Осиё таърихсозӣ кард.

Ба гузориши гурӯҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, дар идомаи рақобатҳои вазнабардории қаҳрамонии Осиё, ки ба мизбонии Маномаи Баҳрайн дар ҳоли баргузорист, имрӯз 22 меҳр, Саидилҳоми Ҳусайнӣ вазнабардори дастаи 81 килограми Эрон дар ҳаракати якзарб бо маҳори вазнаи 102 килограм медоли тилло гирифт.

Ҳусайнӣ дар ду зарб ҳам бо ғалаба бар вазнаи 125 килограмии як нишони тиллои дигар бар гардан овехт ва дар маҷмӯ бо 227 килограм сеюмин нишони тиллои ин дастаро барои Эрон ба армағон овард.

Бад-ин тартиб Илҳоми Ҳусайнӣ, нахустин бонуи тиллои Эрон дар таърихи мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии Осиё лақаб гирифт.

Пеш аз ин Масъӯди Чатроӣ ва Муҳаммади Зореъӣ, нишонҳои нуқра ва брунзи дастаи 89 килограмро дар ин мусобиқот касб карданд.