Октябр 16, 2022 10:41 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли сипоҳи посдорон ҳадафи душманро насли ҷавон ба хусус донишомӯзон ва донишҷӯён унвон кард
    Фармондеҳи кулли сипоҳи посдорон ҳадафи душманро насли ҷавон ба хусус донишомӯзон ва донишҷӯён унвон кард

Фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба ошубҳои ахир дар Эрон гуфт, мудирияти ин ошубҳо бо Амрико аст.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, Сардори сарлашкар Ҳусайни Ғуломӣ фармондеҳи кули сипоҳи посдорони изҳор кард, Ғарб аз замони пирӯзии Инқилоби Исломи то кунун, дучори шикастҳои муфтазеҳонае аз низоми Ҷумҳӯрии Исломии Эрон шуда ва ба дунболи ҷуброни он аст.

Сарлашкар Исломӣ таъкид кард: Душманони Эрон дар рӯйдодҳои ахир, майдони ҷадиде барои тохт ва тоз пайдо кардаанд ва мудирияти ошубҳои ахир бо Амрико аст.

Фармондеҳи кулли сипоҳи посдорон ҳадафи душманро насли ҷавон ба хусус донишомӯзон ва донишҷӯён унвон кард ва гуфт, душманон ҳарбаҳои бисёреро барои низоми Ҷумҳӯрии Исломӣ амали кардаанд ва охарини он, фареби ҷавонон аст, ки ин нақша ҳам бо шикаст мувоҷеҳ мешавад.