Октябр 16, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
  • Сардор сарлашкари Муҳаммади Боқирӣ хотирнишон кард, дар ҳақиқат ин манотиқ мақарҳои саҳюнистиҳо буд
    Сардор сарлашкари Муҳаммади Боқирӣ хотирнишон кард, дар ҳақиқат ин манотиқ мақарҳои саҳюнистиҳо буд

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусалаҳи Эрон дар мавриди вазъияти гурӯҳҳои терррористӣ дар шимолу ғарбӣ кишвар гуфт: Эрон ҳузӯри се ҳазор террористи пушти марзҳои худро таҳамул намекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сардори сарлашкар Муҳҳамади Боқирӣ раиси ситоди кулли нерӯҳои мусалаҳи Эрон афзӯд: Ин, ки се ҳазор нерӯҳои мусалаҳ пушти девори марзӣ Эрон маркази сохти бомб дошта бошанд, ба ҳеҷ унвон барои Ҷумҳӯрии  Исломи қобили таҳамул нест ва бо онҳо мукобила мешавад.

Сарлашкар Боқирӣ тасреҳ кард, ин гурӯҳҳо аз ибтидои Инқилоби Исломӣ бо кумаки Амрико ва соири душманон дар иқлими шимоли Ироқ лона кардаан аммо дар чанд соли ахир бо ҳимояти Амрико, мақарҳои онон табдил ба як маҷмуаӣе алайҳи амнияти миллии Эрон шудааст.

Салашкар Боқирӣ гуфт: Режими саҳюнистӣ аз миёни афроди ин гурӯҳҳо нафаротеро интихоб мекард ва бо омӯзиш онҳоро барои анҷоми ҳамалоти террористӣ ба дохили Эрон мефиристод.

Сардор сарлашкари Муҳаммади Боқирӣ хотирнишон кард, дар ҳақиқат ин манотиқ мақарҳои саҳюнистиҳо буд, ки як намуна аз ин мақарҳо дар Эрбил тавассути нерӯи фазоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ мавриди ҳамла қарор гирифт.

Раиси ситоди кулли нерӯҳҳои мусалаҳи Эрон бо баёни ин, ки Ҷумҳӯрии Исломи Эрон дар ин хусус борҳо ба иқлими Курдистони Ироқ тазаккур додааст изҳор кард  ин расми ҳамсоягӣ нест, ки Эрон ин ҳама ба миллати Ироқ хидмат мекунад ва баъд онҳо ба ин афрод иҷозаи эҷоди мақари низомӣ ва расонаӣ медиҳанд.

 

Барчасп