Октябр 17, 2022 09:37 Asia/Dushanbe
  • Нахустин маҳмӯлаи бузургтарин қарордоди тиҷории заъфарони ҷаҳон ба Қатар содир шуд

Нахустин маҳмӯлаи 200 тонӣ аз заъфарони Эрон ба мақсади кишвари Қатар содир шуд .

Беш аз 90 дарсади заъфарони ҷаҳон дар Эрон тавлид мешавад ва Эрон таъминкунандаи аслии бозорҳои ҷаҳонии ин маҳсӯл аст .
Агар чи заъфарон дар Эрони бештар дар масорифи хӯрокӣ мавриди истифода қарор мегирад, аммо бахши умдае аз кишварҳои аврупоӣ ин тиллои сурхро фароварӣ карда ва дар саноеъи гӯногӯн монанди дорӯсозӣ мавриди истифода қарор медиҳанд ва бо тавваҷуҳ ба инки Эрон тавлидкунандаи марғӯбтарин заъфарони ҷаҳон ба шумор меравад, мутақозиёни зиёде аз саросари дунё  хоҳони ин маҳсӯли стротежики эронӣ ҳастанд .

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, барои афзоиши ҷойгоҳи заъфарони Эрон дар ҷаҳон ва фароварии беҳтари он ҳаҷдаҳуми сентябри соли ҷории милодӣ ва дар фосилаи чанд моҳ то оғози Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар, бузургтарин қарордоди тиҷорӣ дар ҳавзаи заъфарон байни Эрону Қатар барои интиқолу фароварии 200 тон заъфарон бо арзиши аввалияи 300 миллион доллар, бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар ба имзо расид .

Тибқи тавофуқи анҷомшуда нахустин маҳмӯлаи содиротии заъфарон аз маҳали мозоди ниёзи дохилии Эрон дар гумруки Машҳад боргирӣ ва ба мақсади кишвари Қатар ирсол шуд ва дар ҳафтаи оянда низ дуюмин маҳмӯла ба Қатар ирсол хоҳад шуд .
Раванди содироти мозоди заъфарони тавлидии Эрон то соли оянда побарҷо хоҳад буд ва тибқи назари коршиносон  ин раванд метавонад ба беҳбӯди дипломосии иқтисодии Эрону Қатар, иртиқои сатҳи бозори заъфарони Эрон дар арсаи байналмилалӣ ва наздик шудани арзиши ин маҳсӯли стротежики Эрон ба ҷойгоҳи воқеии худ кумаки шоёне кунад .
Бо имзои қарордоди интиқолу фароварии 200 тон заъфарон бо арзиши аввалияи 300 миллион доллар аз Эрон ба Қатар ки бузургтарин қарордоди тиҷории интиқоли заъфарон дар ҷаҳон маҳсӯб мешавад, зимни тасбити ҷойгоҳи Эрон ба унвони қутби аввали тавлиду арзаи заъфарон дар ҷаҳон  гоми баланде дар ҷиҳати наздиктар кардани қимати заъфарони Эрон ба қимати бозорҳои ҷаҳонӣ бардошта хоҳад шуд.

 

Барчасп