Октябр 17, 2022 21:06 Asia/Dushanbe
  • Эрон посухи рафторҳои мудохелагароёнаи Аврупоро мутақобилан медиҳад
    Эрон посухи рафторҳои мудохелагароёнаи Аврупоро мутақобилан медиҳад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз мавозеъи дугонаи Ғарб дар қиболи иғтишошот дар Аврупо ва Эрон гуфт: Эрон посухи рафторҳои мудохелагароёнаи Аврупоро мутақобилан медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъони дар нишасти хабари дар посух ба саволе дар мавриди изҳороти мақомоти фаронсавӣ ва навъи рафтор ва мавозеъи, ки дар хусуси таҳавулоти дохилии Эрон итихоз карданд ва руйкарде, ки дар қиболи таҳавулот ва эътирозоти дохили дар Фаронса ва эътисоби коргарии ахир дар ин кишвар доштанд изҳор кард агар иғтишошот дар Эрон сурат бигирад хуб аст ва бархурди набояд сурат бигирад, аммо агар иғтишошот дар Аврупо шакл бигирад бад аст ва бояд бархурд шавад.

Канъони таъкид кард қаблан дар адабиёти Аврупо терроризм ба хуб ва бад тақсим мешуд ва дар шароити ҷадид низ тақсимбандии ҷадиди дар адабиёти исёсӣ ва рафтори сиёсии ғарб мушоҳида мешавад ва он иғтишош хуб ва бад аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба баёни ин ки бештари кишварҳое, ки дар пешонии ҳамла ба Эрон дар мавзуъи ҳуқуқи башар ҳастанд муртакиби ҷиноятҳои зиёди зидди миллати Эрон аз ҷумла эъмоли таҳримҳо шуданд изҳор кард, онҳо илова бар эъмоли таҳримҳо ҳатто таҳримҳои доруӣ, мизбони гуруҳҳои террористӣ ҳастанд, ки дар феҳрасти террористии худашон буданд.

Канъони бо таъкид бар ин ки қазоват бо касоне аст, ки таҳавулотро дунбол мекунанд ва рафтори дугонаи ғарбро мебинанд гуфт: Ҷумҳурии Исломӣ кишварҳое, ки дар умури кишварҳои дигар аз ҷумла Эрон дахолат мекунанд ба ақлоният даъват мекунад.