Октябр 19, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Лузӯми посухгуии кишварҳои ғарбӣ дар доман задан ба иғтишошоти ахири Эрон

Сафири Эрон дар Шветсия бар лузӯми посухгуии кишварҳои ғарбӣ дар доман задан ба иғтишошоти ахир дар кишвар таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад Маъсумифар-сафири Эрон дар Стокголм дар гуфтугу бо рӯзномаи шветсиявии Афтон Бладт бо ишора ба баҳонаҷӯи душманон аз марги Маҳсои Аминӣ изҳор кард, давлатҳои мутахосим фурсатро муғтанам шумурда то маҳсӯли даҳаҳо сармоягузорӣ дар бесуботии Эронро бардошт ва эътирози маданиро ба самти хушунат ҳидоят кунанд.
Маъсумифар афзуд ба ин тартиб тирандозиҳои ҷамъӣ, ки тавассути созмонҳои террористии ҷудоталаб бо ҳимояти хориҷӣ анҷом шуд эътирозоти мадании машрӯъро ба самти иқдомоти мудохилагароёнаву империалистӣ кашонд.
Сафири Эрон дар Шветсия бо ишора ба ривояти ҷаълии расонаҳои ғарбӣ аз марги Маҳсои Аминӣ тасреҳ кард дар гузориши колбудшикофии Маҳсои Аминӣ, ки тамоми  созмонҳои бузурги пизишкии Эрон дар он ширкат доштанд натиҷагирӣ шуд, ки бо тавваҷуҳ ба собиқаи пизишкӣ ва аксу мағзу шуши вай, муъоинаи ҷасад, осебшиносӣ ва колбадгушоӣ, марги номбурда бар асари норасои мағзӣ сурат гирифтааст .
Маъсумифар таъкид кард ин ёфта ба таври ҷиддӣ ривояти пахшшуда дар расонаҳои ғарбиро, ки иддао мекунанд Аминӣ қабл аз инки ба кома баравад тавассути полиси Эрон " ба шиддат мавриди зарбу лат " қарор гирифтааст, зери суол мебарад .
Сафири Эрон дар Шветсия хотирнишон кард иғтишошот дар Эрон дар рӯзҳои ахир фурӯкаш карда, аммо Эрони кишварҳои ғарбиро ба далели нақши онҳо дар доман задан ба нооромиҳоу хисороти ворида ба ғайринизомиёну мақомотӣ ки қурбонӣ шудаанд, посухгӯ ва масъӯл медонад 

 

Барчасп