Содироти панҷу ним тон ховиёри Эрон ба 33 кишвар
Раиси Созмони моҳипарварии Эрон аз содироти панҷу ним тон ховиёр(икра) ба 33 кишвар хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидҳусайни Ҳусайнӣ-раиси Созмони моҳипарварии Эрон бо баёни инки ҳам акнун панҷу ним тон ховиёр ба 33 кишвар содир мешавад гуфт: Эрон дар паи эҷоди бозорҳои ҷадид ва боло бурдани тавлид аст ва умедвор аст то се соли оянда ба ду баробари ин мизон содирот афзоиш пайдо кунад .
Ҳусайнӣ тасреҳ кард ҳамакнун аз 556 миллион доллар содироти Эрон ҳудуди панҷ то ҳафт дарсад ба содироти моҳиёни ховиёрӣ ихтисос дорад .
Раиси Созмони моҳипарварии Эрон ҳамчунин бо ишора ба инки аз соли 2011 ба иллати сайди беравияи моҳиёни ховиёрӣ, сайди тиҷории он мамнӯъ шуд афзуд:Ин иқдом бо назари панҷ кишвари ҳошияи Хазар, ки дар хусӯси бардошт ва баҳрабардорӣ аз баҳр зинафъ ҳастанд ва бо ҳадафи ҳифзи ин гунаи арзишманд сурат гирифт .
Эрон яке аз бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи ховиёр дар ҷаҳон аст .