Пентагон овозаҳо дар бораи ирсоли мӯшак аз Эрон ба Русияро таъйид накард
Вазорати дифои Амрико овозаҳои матраҳшуда тавассути бархе расонаҳои ғарбӣ дар бораи қасди Эрон барои ирсоли мӯшак аз Эрон ба Русияро таъйид накард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Патрик Роидри-сухангӯи Пентагон гуфт дар ҳоли ҳозир ҳеҷ иттилоотӣ барои таъйиди гузоришҳо дар хусӯси пешниҳоди Ҷумҳурии исломии Эрон барои таҳвили мӯшакҳои замин ба замин ба Русия вуҷуд надорад .
Пештар хабаргузории Райтер, ки собиқае тӯлонӣ дар хабарсозиҳои Эронҳаросона дорад, иддао карда буд Теҳрон ба Маскав ваъдаи ирсоли мӯшакҳои замин ба замин ва « паҳподҳои бештар » додааст .
Райтер муддаӣ шуда буд тавофуқ дар ин хусӯси рӯзи 4 октябр ҳосил шуда; замоне ки муовини раиси ҷумҳӯри Эрон ба ҳамроҳи ду нафар аз мақомҳои аршади Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба Русия сафар карда буданд .
Ҷумҳурии исломии Эрони пеш аз ин иддаоҳо дар бора ирсоли паҳпод ба Русияро такзиб кардааст . « Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе гуфт: « Эрон ҳеҷ силоҳеро барои ҳеч кадом аз тарафайни ҷанг содир накардааст » .